БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНАМОН АЗ МАКТАБ ВОБАСТАГӢ ДОРАД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №2” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ   баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолӣ, саноатикунонии босуръати кишвар - ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ,  баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлати ҷангзадаи  Ироқ  суханронӣ намуда, афзуд, ки . таъмини амнияти бехатарӣ, терроризму экстремизм дар ин ҳамоиш, ки тамоми башариятро ба таҳлука андохтааст нишон аз он аст, ки Тоҷикистон пайваста иқдомҳои худро баҳри бехатарии аҳли башар тарҳрезӣ менамояд, суханронӣ кард.          

Дар охир вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  муассисаи таълимии маҳаллаи  мазкур ба маблағи 3000 сомонӣ   масолеҳи сохтмонӣ  харидорӣ карда шуда, таъмираш  оғоз ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg