БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗИИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Панҷ», яке аз ташкилотиҳои фаъоли ҳизбӣ буда, дар  баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Вохўрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ин навбат бо аъзо ва ҷонибдорони ҳамин ташкилоти ибтидоии номбурда баргузор гардид.

Зимни баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб Файзизода Каримҷон қайд намуд, ки вазифаи муҳими мо дар ин давра татбиқи босамари Аксияи тарғиботии ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҳисоб меравад.

Дар хотима раиси ташкилоти ибитидоии  “Шаҳраки Панҷ” Латипов Алиҷон иброз дошт, ки  бо ин мақсад бо қувваи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба 2 оилаи ниёзманди ҷамоати шаҳраки Панҷ ба маблағи 350 сомонӣ кўмакҳои хайриявӣ, аз қабили орду равған расонида, инчунин ба муассисаи таълимии №1-и шаҳрак масолеҳи рангу бор барои таъмири мактаб харидорӣ ва дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg