
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.
Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин дар назди ҳозирин ба сухан баромада, қайд кард, ки таҳкими пояҳои сулҳу субот аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад мо кормандони масъули ҳизбӣ моҳияти тинҷиву осудагӣ ва ваҳдату ягонагиро миёни мардум тарғиб менамоем. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату миллат дар натиҷаи пойдории амнияту субот метавонад марҳила ба марҳила рушду нумуъ ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Аз ин нуқтаи назар бармеояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зудтағйирёбанда ба қадру манзалати ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин доир ба дигар самтҳои фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта шуд.