
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ҳамоиш масъулин атрофи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират, истифодаи дуруст аз таҷҳизотҳои тиббӣ ва дасти ниёзмандонро гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ карданд.
Дар фарҷом дар партави Аксияи ҳизбӣ ба як нафар ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд.