БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ- ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР КИШВАР

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  «Чорводор» - и ноҳияи Вахш  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ»  хониши сиёсӣ  баргузор карда шуд.

Мардонова Сайёра дар баромади худ қайд намуд, ки дар айни замон эҳёи корҳои хонагӣ шиддати бекориву камбизоатиро паст намуда, рушди бемайлони иқтисодиётиро таъмин месозад. Инчунин, ба дарки мардум, бахусус деҳқонону кишоварзон ва чорводорон расонидани нуктае, ки вазифаи онҳо ин ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аст ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар- ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. Бояд кайд кард, ки солҳои охир бинобар сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокии чарогоҳҳо, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик оварда расонидааст.

Дар охир  ҷамъомадагон ба масъулин  саволу дархостҳои хешро пешниҳод карда,  ба худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg