БОХТАР. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии “Сафари - К” маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар ҳамоиш дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал зимни баромади худ иброз дошт, ки баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мардум яке аз вазифаҳои асосии ташкилоти ибтидоии “Сафари К” ба ҳисоб меравад.
Зеро, ки ҳамарӯза ба кишвари мо даҳҳо сайёҳони хориҷӣ ворид мегарданд ва яке аз соҳаҳое, ки ба онҳо хизмат менамоянд ин соҳаи нақлиёт мебошад. Дар идома масъалаҳои дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.