
ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳизбиён ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар як нишасти ҳизбӣ натиҷаҳои кори нимсолаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзизода Каримҷон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2019, вазифаҳои навбатии аъзо ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 андешаронӣ намуд.
Зимнан қайд намуд, ки дар ин муддат тибқи нақша-чорабиниҳо дар манотиқи деҳоти ноҳия бо ташаббуси масъулони ҳизбӣ бо роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои бунёдкорӣ, ободонӣ ва созандагӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал роҳандозӣ гардиданд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои ҷаласаи ҳизбӣ ба фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Панҷ баҳои баланд дода шуда, ҷиҳати пешрафти кори минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ як қатор таклифу пешниҳодҳоро баён намуд. Дар ҷараёни маҷлис ҳамчун масълаи «Обуна-2020» ба ҳафтаномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар идомаи маҷлис як қатор фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳал бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардиданд.
Дар бахши охири нишасти ҳизбӣ ба 12 нафар аъзои нав ҳизб шаҳодатномаҳои узви ҳизб супорида шуд.