БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПУШТИ АРИЗАИ ФАРМОИШИИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ КӢ МЕИСТАД!?

ВОКУНИШ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнасозии хиёнаткорони  миллат  бо иштироки  бозичаи арзону  кўҳнашудаи кўдакона –Шарофиддин Гадоевро назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дида, ба хулосае омадам, ки андешаи худро доир ба ташвиқоти дуруғину фармоишии ин асолатбохта то ҷое расонаӣ кунам.

     Шарофиддин Гадоев назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия як аризаи фармоишии чанд вақт пеш навишташудаю пеш аз наворбардорӣ ба дасташ додашударо бо як оҳанги бесаводонаю куркурона ва пур аз саҳву хато дар назди дурбин хонда, барои  ҳуқукҳои гўё поймолгардидааш тавассути сафоратхона ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон   манзур  менамояд.

     Ў рабуда шудани худро санаи 14.02.2019 аз Москва ба Душанбе нақзи қонунҳои байналмилалӣ қаламдод намуда, хоҳони барқарор гардидани «адолати иҷтимоӣ», ки худаш онро доимо зери по мекунад, мебошад ва дар ин кор шахсиятҳои воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳгор меҳисобад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро Шарфиддин Гадоев баъди чор моҳ доир ба «рабуда» шуданаш тасмими пешниҳоди аризаро гирифт? Оё агар ў дуздида шуда буд, чаро баъди бозгашт ба Тоҷикистон саҳнасозӣ кард?

     Маълум мегардад, ки Шарофиддин Гадоев ақидаи солими сиёсӣ надорад ва беш аз як бозичаи кўдаконаи дасти каси сеюм бештар нест. Шояд ин ҳама саҳнасозиҳои омодагардида дар хориҷа аз он сабаб аст, ки ин «шореҳ»-и сиёсӣ бемори равонист. Ва ҳар касе, ки чизе гуфт, ў онро тутивор такрор мекунад. Метавон ба хулосае омад, ки Шарофиддин Гадоев ҳамчун ҷуроби истифодашуда то даридану тика-тика шудан аз ҷониби падарони маънавиаш дар хориҷа истифода гардида, баъдан ба ахлоттўда партоб мешавад.

     Ба фикрам дар чор моҳ дари тамоми ташкилотҳои ҷаҳониро бо ду дасташ куфт. Вале дар ҳалли масъала ба ягон муваффақият шарафёб нагардид. Чунки аз аввал ҳамаи даъвоҳояш бе поя  ва пур аз туҳмату буҳтон буд.

Олимхўҷазода Муҳаммадӣ-аъзои фаъоли ҳизб, раиси ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg