БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ ОБ ВА РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

АНДЕША. Имрӯз дар асри ХХ1 инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор мушкилоти умумисайёравӣ  қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори дастаҷамъонаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро талаб менамояд.

Як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар пайи рафъи мушкилот фаъолияти худро равона намудаанд. Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони сатҳи байналмилалӣ аз замони таъсисёбиаш (1945) то имрӯз дар муттаҳид намудани беш аз 193 давлатҳои ҷаҳон дар пайи ба амал баровардани барномаҳои сатҳи байналмилалии ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ва зиндагонии мусолиматомез фаъолият дорад.

Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки соли 2000 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2015 қабул карда шуда буд, аз зумраи аввалин барномаҳои мукаммали давлатҳои аъзои ин созмон дар самти ҳалли мушкилиҳои умумисайёравӣ ва рушди суръатноки давлатҳои аъзо дониста мешавад. Минбаъд бошад, ин ҳуҷҷати байналмилалӣ барои қабули дигар ҳуҷҷате, ки дар ҳоли ҳозир тамоми давлатҳои аъзо дар пайи татбиқи он қарор доранд, замина гузошт. Аз он нуқтаи назаре, ки пас аз анҷоми муҳлати барнома, ҳадафҳо ва марҳилаи наве муайян ва қабул карда мешавад, дар Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид соли 2012, барои рушди устувори мамлакатҳо қарор қабул карда шуд, ки гурӯҳи корӣ оид ба омӯхта муайян намудани маҷмӯи ҳадафҳои рушди устувор таъсис дода шавад. Пас аз тадқиқотҳо ва музокиротҳои зиёда аз яксола гурӯҳи корӣ 17 ҳадафро дар доираи рушди устувор пешниҳод намуд.

Инчунин, дар доираи 17 ҳадаф 169 масъаларо ҳуҷҷат фарогир аст. Он аз 1 январи соли 2016 ба амал бароварда шудааст ва 31 декабри соли 2030 фаъолияти он ба анҷом мерасад.

Тибқи талаботи ягонаи ҳуҷҷат, давлатҳои аъзо стратегия, нақша ва барномаҳои худро барои рушди устувор тартиб дода амалӣ мегардонанд. Ҳадафҳои Рушди Устувор нақши ҳушдоркунандаро дорад, ки мамлакатҳоро водор мекунад, ки сайёраи худро бо дарки масъулияти ҷиддии уммумисайёравидошта, ҳимоя намоянд. Дар доираи таҳияи стратегия, нақша ва барномаҳои дохилидавлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид, стратегия, нақшаҳо ва барномаҳои давлатиро дар доираи ҳадафҳои он ҳамоҳанг намудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ дар асоси талаботи ягонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул гардидааст.

Дар се соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд, ки нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Дар заминаи ҳуҷҷатҳои дар Созмони Миллаи Муттаҳид қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мушкилоти сатҳи глобалӣ,  ки бо нишондиҳандаҳои оморӣ охири асри XX ва аввали асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он танқисӣ мекашанд, ташаббус нишон дода истодааст. Ин мушкилот ба масъалаи норасогии оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ ба масоили обӣ равона гардидааст. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи понздаҳсоларо аз худ кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони аъзошавӣ ба Созмони Миллали Муттаҳид якчанд ташаббусҳои сатҳи глобалӣ дар масоили марбут ба об намудааст, ки се ташаббуси пешини он: соли 2003 “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 “Ҳамкориҳои мутақобилан сӯдманд дар масоили марбут ба об” дар доираи барномаи байналмиллаии “Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола” ва   ташаббуси навбатӣ: даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар доираи барномаи  Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод гардида, алакай барнома аз 21 марти соли 2018 ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Барномаи байналмилалии Ҳадафҳои Рушди Устувор барои ҳалли мушкилотҳо ва пайёомадҳои асри навин нақши хубе бозида метавонад ва барои ба мақсад расидан, таҷриба ва дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазосола замина фароҳам меоварад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти ҳадафи ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028"  ин иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад.

Дар доираи ҳамин ҳадафи гузошташуда ва ба инобат гирифтани дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи якчанд монеаҳои бузурги дар сари роҳ буда, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда монеа эҷод менамоянд, чунин асоснок кардан мумкин аст:

1. Тағйирёбии   иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсир мерасонад. Барои мисоли возеҳ дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳо аз байн рафта ва ин раванд то ҳол давом намуда истодааст. Бар замми ин барои Тоҷикистон, ки 93 фоизашро куҳсор ташкил медиҳад, офатҳои пайдарпай ва харобиовари табиӣ, ки таҳти таъсири тағйирёбии иқлим мебошад, хисороти моддиву маънавии зиёдеро ба бор овардааст. Аз ин нуқтаи назар офати табиӣ дар самти расидан ба Ҳадафи якуми Рушди Устувор, ки паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, монеа мегардад. Ҳадафи сездаҳум, ки мубориза алайҳи тағйирёбии иқлим мебошад, барои татбиқи барномаи даҳсола имконият фароҳам меоварад;

2. Афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати зиёд афзоиш меёбад, ки ин дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад. Шиддати рақобат барои манбаҳои об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад. Дар ин бобат ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд дар идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имкониятҳои наверо ба миён меорад. Ин нуқта ба ҳадафи ҳабдаҳуми Рушди Устувор, ҳамчун ҷанбаи умумидошта нисбат ба дигар ҳадафҳо, ҳамкорӣ дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор равона гардидааст;

3. Ҷанбаи гендерии масоили об. Яъне  бо пешниҳоди Тоҷикистон дар доираи барнома занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб гарданд. Зеро ҷалби самараноки занон ба ин ҷараён кафолати дастовардҳо дар ҳалли масоили об ва умуман, ноилшавӣ ба рушди устуворро таъмин месозад, ки ба ҳадафи панҷуми Ҳадафҳои Рушди Устувор баробарии гендерӣ алоқаманд буда барои замина барои татбиқи он мегардад.

4. Воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо нақшаҳо ва амалҳои гузошташуда таҳким бахшида мешаванд. Алалхусус захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам мавриди назар қарор мегирад.  Дар ҳамин замина ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанги истифодаю истеъмоли об, як василаи муҳимми кӯшишҳои якҷоя мегардад. Инчунин густариш додани шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт имкониятҳои навро ба вуҷуд меорад.

Тибқи манбаъҳои иттилоотӣ Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа, Ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид. Ин қадамҳои аввалин дар самти расидан ба ҳадафи шашуми рушди устувор мебошад.

5. Унсури васеъшавии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад. Имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад.  Ҳамкории самаранок метавонад василаи таъсирбахше дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёдро ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои мазкур бо хушкӣ таъсири манфӣ расонад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон такмили иқтидори институтсионалии ҳамкории байнисарҳадии обӣ ба рушди босуботи ҳамаи кишварҳои соҳилӣ мусоидат мекунад. Ҳоло дар Осиёи Марказӣ раванди паҳншавии ҳамгироии минтақавӣ фаъолона идома дорад, ки ин ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кӯмак менамояд.

Таъсири манфии ивазшавии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ назаррас мегардад. Барои мисол Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи неруи барқ аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ба ҳамалоқамандии бевоситаи ин ду омили муҳимми рушди устувор бараъло ба назар мерасад. Бо дарназардошти алоқамандии ду омили рушди устувор об ва энергетика, барои расидан ба ҳадафҳои идоракунии захираҳои обӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои бузурги истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 дар мамлакат  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Татбиқи ҳадафҳо аз ин ду омил ба ҳалли мушкилотҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, ки асоси нуқтаи назари Ҳадафҳои Рушди Устувор аст, боис мегардад. Дар ҳамин замина аз неруи барқи истеҳсолшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои ҳамсоя истифода мебаранд, ки замина дар татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мегардад.

Дар асоси  тадқиқотҳои анҷомдодашуда, ҷиҳати муайян намудани нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи ҳамгироӣ  ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ хусусан Ҳадафҳои Рушди Устувор бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва башарӣ, ба он дастёб гардидан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон модели фаъоли доиранокеро пешниҳод намудааст, ки танҳо бо ташаббусҳои масоили марбут ба об доштаи дар сатҳи глобалӣ, ҳамаи ҳадафу мақсадҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намудааст, хусусан атрофи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки  татбиқ намудани ҳадафҳои гузошташудаи барномаҳои дар самти масоили марбут ба об буда, пурра ба он равона гардидааст.

Аз ин нуқтаи назар, пас аз марҳила ба марҳила амалишавии ҳадафу мақсадҳо итминони комил меравад, ки дар ҷамъбасти Декларатсияи байналмилалии Ҳадафҳои рушди устувор саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоизи баланд нишон дода мешавад. Албатта ин ташаббусҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешравиҳои бузургеро имконпазир мегардонад.

 Поянда бод Тоҷикистон азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Тоирзода Суҳроб Тоир,  корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg