БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ КАРДАН АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷаабдолон”-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки  раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норк Қумриниссо Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳимова Нигина бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Қумриниссо Гулмуродзода   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонӣ дошта мебошад. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст. Мубалиғони  ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба коми худ кашида истодаанд.

Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки мунтазам аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, огоҳ бошанд, чунки яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Сипас, Раҳимова Нигина оид ба  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg