БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- НЕРӮИ СОЗАНДА БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Ҷаласаи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Молия» бо ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Сафарзода Абдулло оғоз гардида, мавсуф оид ба фаъолияти ҳизбиён дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Файзизода Каримҷон иштирок ва суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамояд.

Дар охир ҷиҳати роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии мазкур  ба муассисаи таълимии №21 барои таъмиру тармими синфхонаҳо ба маблағи 400сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намуда, инчунин, барои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Тамаддуни Ориёии ҷамоати шаҳраки Панҷ саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg