
Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шукрона”-и ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни андешаронӣ Асоев Хизридин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар норҳия иброз дошт, ки дар роҳи мубориза бо коррупсия аз ҳама бештар ҲХДТ фаъол аст, зеро дар решакан сохтани ин зуҳуроти нангин ҲХДТ- ҳизбе, ки масъулияти олии ватандориву давлатсозиро ба уҳда дорад, аз ҳама бештар манфиатдор мебошад. Чунки мо дуруст дарк менамоем, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пурраву саривақт ва дар сатҳу сифати баланд амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи ҳизб мегардад.