
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Чордара»-и Ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Давлатҷон Ғаффорзода оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шудааст.
Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии №53 масолеҳи сохтмонӣ барои таъмиру тармим дастрас карда шуд. Инчунин ба муассисаи таълимии мазкур гӯшаҳои таълимӣ барои таҷҳизонидани синфхонаҳо кӯмак расонида шуд.