
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Нусратулло Махсум»-и ҷамоати деҳоти Фахробод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар масъалаи оромии давлати азизамон, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 27-соли соҳибистиқлолии Ватан ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз андешаронӣ карданд.
Дар хотима бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои маҳаллаи маҳкур зиёда аз 1км 200м сангфарш карда шуд.