
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Матлуботи Кӯлоб” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Матлуботи Кӯлоб” Нуров Бобоҷон иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд.
Дар ин росто таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза бояд бурд.