БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ АМАЛИ НЕК АСТ!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дирӯз дар доираи қисмати амалии Аксияи  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Пайванд” ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  даромадгоҳи роҳи дохили деҳаи Анористони Ҷамоати деҳоти Обшорон ба масофаи 1 километр таъмиру тармим гардид.

Инчунин,  масъулини ҳизбӣ иқдоми наҷиби сокинони ташкилоти мазкурро дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ба маврид арзёбӣ намуда, саҳми намоёнашонро дар ободию созандагии маҳал давоми созандагии Тоҷикистони азиз ҳисобиданд.

Сипас, дар қисмати   сиёсии чорабинӣ дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди  баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg