БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ ХУБ БАРОИ ТАҲСИЛИ ХОНАНДАГОН!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.

Нахуст,  раиси ташкилоти ибтидоӣ  Машрабов Шамсулло оид  ба фаъолияти нимсолаи ташкилоти ибтидоӣ сухаронӣ намуда, қайд кард, ки узви ҳизб дар баргузории чорабиниҳои сиёсии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дар идома Ҳошимов Тоҳир зикр намуд, ки Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд.

Он бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ равона шудааст. Мардуми маҳал иқдом гирифтанд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти  мактаб саҳмгузор шаванд. Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии мазкур  барои таъмири мактаби №2-и ноҳия масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg