
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази алоқаи почта” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён хониши сиёсӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва дасти дармондагонро гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом дар партави Аксияи ҳизбӣ ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Собирова Баргигул кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Баргигул Собирова аз иқдомҳои неки ҲХДТ руҳбаланд гардида, миннатдории хешро Ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.