Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати корҳои созандагию ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бухоро”-и ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар маҷлис Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба шарҳу тавзеҳи ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат ба амалҳои созандаву бунёдкорона суҳбат намуда, ҳамчунин дар мавриди омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон ба ҷавонон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон ва анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар аз ҳамагон даъват ба амал овард.