БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАХДАТ ХУШБАХТИИ ИНСОНҲОСТ

АНДЕША. Имрӯз бо шукургузорӣ  аз сулҳу ваҳдати комил ва суботу амнияти кишвар мо 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик мебошад,  бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтем. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ  гирифта шуд ва 27 июни соли 1997 Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо  расид. Миллати сарбаланди тоҷик, ки ҳам заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам шаҳди Ваҳдати миллиро чашидааст, хуб дарк мекунад, ки барҳам задани ҳамаи шодию нишот ҷанг ва асоси ҳамаи  хушбахтию бунёдкориҳо сулҳу Ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар тоҷики  огоҳу бофарҳанг, махсусан сокинони ноҳияи Дӯстӣ бояд ҷонбозиҳои беҳамтои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро қадр кунанд.

Ифтихор аз он мекунем, ки мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна буҳронҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.

Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва чаҳон моро водор месозад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ сулҳу субот ва рущди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона созем.

Ваҳдати миллӣ тавассути худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ин роҳ талош кунад. Дониш омӯзад, таърихи миллатро аз бар кунад, аз техникаву технология бохабар  бошад, равандҳои чаҳони муосирро сарфаҳм равад, дарк кунад, ки тафаккури озод доштани насли наврас талаботи замон аст.

Саидзода Нурмуҳаммад Хол, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар                 Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg