БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ ҲХДТ- ТАЪМИНИ СОКИНОН БА ЗИНДАГИИ ОСУДА МЕБОШАД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Гулафшон” -и ҷамоати деҳоти Халевард ҷиҳати огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ суҳбату вохӯрӣ доир намуд.

Зимни суҳбат  зикр гардид, ки мебояд бо мафкураи носолим мубориза бурд ва онро аз мағзи ҷомеа берун сохт, сониян андешаи солиму тафаккури созандаро ташаккул дода,  дар қадами навбатӣ ин мафкураи созандаро барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи давлату ҷомеа равона кард.

Дар охир  байни  масъулин ва иштирокдорон суолу муколаммаҳо сурат гирифта, вохӯрӣ  бо ҷавобҳои мушаххасу саҳеҳ хотима ёфт.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg