БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Алишеробод”-и ҷамоати деҳоти Фрунзе хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор намуданд.
Дар ҳамоиш Алиев Зафар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баромад намуда, оид ба ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, роҳҳои пешгирии фарҳанги бегона ва аз байн нарафтани фарҳанги миллӣ, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ андешаронӣ карда, зикр намуд, ки Ватани азизамон-Тоҷикистон рӯз то рӯз пешрафта истодааст ва ин ҳама бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Моро лозим аст ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат сазовор бошем ва барои боз ҳам обод шудани Ватани маҳбубамон меҳнати софдилона кунем.