
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Осмондара”-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ҳизб вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот суханронӣ намуда, ба ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ тавсияҳои муфид дод.