БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТЧИЁНИ ЁВОН ҶОНИБДОРИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!» МЕБОШАНД

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Маркази барқию  гармидиҳӣ”-и Ёвон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Саёҳат Абдуллоева муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди мавзуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстримистӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати пешгири аз чунин ҳолат ва солим нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон, падару модарон бояд таълиму тарбия ва назоратро ҷиддӣ намоянд.

Ҳамзамон, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Малангов Навоӣ ба 5 нафар аз оилаҳои ниёзманд кӯмаки яквақтаи молиявӣ  расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg