БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРХОСТИ СОКИНОН БО ТАШАББУСИ МАСЪУЛИНИ ҲХДТ АМАЛӢ ГАРДИД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Сокинони деҳаи Тағойободи ҷамоати деҳоти Обшорон, ки дар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чаноро-1» мутаҳид шудаанд дар вохӯрии қаблии ҳизбиён, ки бо сокинон доир гардида буд, аз масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дархост карда буданд, ки барои занони бекору хонашин курсҳои дӯзандагӣ кушоянд, ин дархости сокинонро масъулини ҳизб ба инобат гирифта дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо дастгирии Филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюл ба ҷавонон дар ноҳияи Ёвон», барои 40 нафар духтарону занони хонашин курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ташкил намуданд. Баъди се моҳи таҳсил барои 40 нафар занону духтарон шаҳодатнома супорида мешавад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз Сайёҳат Абдуллоева муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюл ба ҷавонон дар ноҳияи Ёвон» аз намоиши ҳунарҳои дастсохти мардумӣ, ки сокинон бахшида эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба маърази тамошо гузошта буданд дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки имрӯз бо мақсади бозҳам рушд додани ин соҳа ва омӯзонидани дигар занону духтарони хонашин маҳз чунин курсӣ дӯзандагиро ташкил намудем.

Сокинон аз ташаббусҳои ҳизбиён, ки аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ бармеояд шод гашта, барои амалӣ намудани дархосташон  ба масъулини ҳизби ноҳия арзи сипос намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg