БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ БЕШТАР МЕГАРДАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар партави самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”-и  муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ”  баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, дар замири онҳо бедор кардани ҳисси садоқат ба Ватан, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ ва пешгирии бегонапарастӣ дар байни наврасон суҳбат доир намуданд.

Дар охири чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда,  ба як нафар тарбиягирандаи муассисаи мазкур, ки аз оилаи ниёзманди ҷомеа мебошад, барои соли нави хониши оянда сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда  шуд.

Аз ташаббусҳои неки ҳизбиён волидайни тарбиягирандаи ин боргоҳи маърифат миннатдор буда, иқодми некро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg