БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ОБОДКОРИҲО ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАН САҲМГУЗОР ХОҲЕМ БУД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Тахти Сангин”-и ҷамоати деҳоти Тахти сангин   хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар мавзӯъи “Бо ободкориҳо дар пешрафти Ватан саҳмгузор хоҳем буд” сухан намуда, қайд намуданд, ки Паёми навбатӣ Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст ва бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо сокинонро мебояд аз маҳали зистамон сар карда бо корҳои бунёдгарона,бо амалҳои созандадар рушду тараққиёти Ватан саҳмгузорӣ кунем сарзамини аҷдодиамонро  дар қатори дигар давлатҳои пешрафтаву абарқудрат гузорем.

Ҷамъомади хотирмон ба сокинон писанд омада, сиёсати ватанпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  баҳри боз ҳам зебо гардидани  маҳали зистамон  талош хоҳем варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg