БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАҶАЛЛОБӢ-ОМИЛҲОИ ТАҲДИД БА БЕХАТАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Фирӯзи Саидмӯъмин зимни суҳбат қайд дошт, ки дар баробари терроризму экстремизм муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар омори ҷаҳонӣ зикр шудааст, ки нашъамандӣ яке аз омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ мебошад. Масалан, айни замон беш аз 12 млн. нашъаманд ба бемории Гепотити С гирифторанд. Беш аз чоряки нашъамандон ба вируси норасоии масъуният (ВИЧ/СПИД) гирифторанд.

Мавсуф дар идома иброз кард, ки дар зарфи зиёда аз 20 соли охир дар ҷумҳурӣ беш 100 тонна маводи нашъадор, аз ҷумла: афюн, героин, гурӯҳи бангдона ва дигар намудҳои нашъадор мусодира шудааст. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ ин миқдор маводи мухаддир метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд. Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ яке аз омилҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg