БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, БАРОИ ОБОДИИ ВАТАН ТАЛОШ ВАРЗЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КВ «Пойгоҳи гардиши Локомотив» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳри Суҳроб Валиев зимни баромад кайд кард, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ имрўз мо дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави такмили ғояҳо ва рушди давлатдории миллӣ бо талошу фидокориҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидем.

Моро месазад ба қадри  меҳнату  талошҳои  Роҳбари давлат  расем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназир садоқатмандона ба халқу Ватани хеш  хизмат намоем, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg