БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ БА МАСЪАЛАИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДИҚҚАТИ МАХСУС ЗОҲИР МЕНАМОЯД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Сино-5” маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар ҷамъомад  масъулини ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки аъзои ташкилоти ибтидоӣ  давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ба мардуми шаҳри Бохтар ва шаҳру навоҳии гирду атрофи он хизматрасониҳои сифатноки тиббиро мерасонад.

Қобили қайд аст, ки ташкилоти ибтидоии “Сино-5” дар ин муддат ба якчанд нафар аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ки муроҷиаткунандагони марказ мебошанд,  хизматрасонии ройгонӣ тиббӣ расонида,  дар оянда низ ният дорад,  ин амалро идома диҳад.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg