БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲШАТАФКАНӢ – АМАЛИ ДУР АЗ ИНСОНӢ АСТ

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои навадум инҷониб ҷомеаи ҷаҳониро баҳри пешгирии амалҳои гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ даъват менамояд, ба ин хотир дар шаҳри Душанбе Конфронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд борҳо баргузор гардиданд. Чунончӣ 4 майи соли 2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм  ва ифротгароии хушунатомез», 17 майи соли 2019  Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории  байналмилалӣ  ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», 14-15 июни соли равон панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои  Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои  боварӣ дар Осиё баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид дошта буданд, ки террорист Ватан, миллат  нажод, дин, мазҳаб надорад,  кирдори он дар ҳар кадом давлате, ки набошад, қатлу куштор ва даҳшатафканист, барои ҳамин ҳар яки мо, хусусан ҷавонон, ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, то ин ки  ин вабои аср амалҳои ғайриинсонии худро  роҳандозӣ намояд.

Ба ёд орем, ки террористон соли 2001 чи гуна бузургтарин маркази савдои Амрикоро хароб карда, ҳазорон одамони бегуноҳро кушта буданд.  Маҳз баъди ҳамин даҳшатафканӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъкидҳои Роҳбари  давлати Тоҷикистон қойл шуданд. Ин водор сохт, ки соли 2002  аввалин Саммити сарони давлатҳои аъзои  Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои  боварӣ дар Осиё баргузор гардад.

Ҳамаи талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини суботи сиёсии сайёра, ҳаёти осоиштаи мардум ва аз байн бурдани амалҳои номатлуби ифротгароии хушунатомез ва даҳшатафканӣ мебошад. Албатта, мо имрӯз гуфта метавонем, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Ироқу Сурия шикаст хӯрда, ба хоки дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон паноҳ бурдаанд ва он дороию ҳашамати ҷангии пештараи худро надоранд. Аммо набояд инро нодида гирифт, ки  даҳсолаи сеюми асри ХХI ин  даҳсолаи охири асри XX нест, ки  мансабталошон аз каммаърифатии мардум истифода карда, ҷанги шаҳрвандиро сар каранд, дар натиҷа қариб 200 ҳазор нафар қурбони ин ҷанг гаштанд. Имрӯз чунин гурӯҳҳои муташаккил вобаста ба замон усулҳои ҷангии худро тағйир додаанд, онҳо нафақат дар ҳар куҷо як амалҳои  даҳшатафканиро анҷом медиҳанд, балки ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ  ҷавонони дар муҳоҷиратбударо  зери  таъсири худ  гирифта,  ба майдони ҷанг мекашанд ва шумораи гурӯҳҳои худро меафзоянд.  Аз ин лиҳоз, падару модарон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал карда,  ба хониши фарзандон,  ахлоқу одоб  ва дар руҳияи  ватанпарастию эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ  диҳанд.

Холов Умедҷон, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg