
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати Кӯлоб” хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур Қурбонов Файзалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мунаввараи Бозоралӣ дар мулоқот қайд дошт, ки ба хотири муайяну мушаххас кардани вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату мулоқотҳо доир менамояд.
Дар навбати худ Қурбонов Файзалӣ гуфт, ки дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ кӯшиш менамоем, ки ба таври фарогир миёни ҷомеа сиёсати созандаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ташвиқ намоем.
Мулоқоти мазкур бо супоридани Сипосномаи ҲХДТ ба аъзои фаъоли ҳизб Қурбонов Файзалӣ ба охир расид.