БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ! МАСЪУЛИЯТНОКИИ СОКИНОНРО ДУЧАНД НАМУД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ ва тадбиқи бандҳои ҷадвал-механизми баргузории влхӯрию сӯҳбатҳо ва амалинамоии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Ҷамоати Шаҳрак” мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо аъзёни ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раҷабзода Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кушода ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф дар баромади хеш оиди амалинамоии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тозагию ободонӣ, махсусан ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди тадбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки ҳадафи асосии эълон гардидани аксияи мазкур низ якҷоя ҳал намудани мушкилоти ҷомеъа мебошад суханронӣ намуд. Вай иброз дошт, ки имрӯз замони он расидааст, ки мушкилоти худро бо дасти худамон якҷо шуда ҳал намоем, чӣ таъмири роҳи деҳа бошад, чӣ таъмири мактаб, чӣ об кашони бошад ва чӣ кӯмак ба ятимону ниёзмандон. Биёед якҷо шуда мушкилоти худро бо дасти худамон ҳал намоем. Биёед барои ободии маҳалли худамон саҳми худро гузорем. Биёед дар пешрафту тарақиёти Ватан бе тараф набошем. Биёед барои ҳамвор кардани роҳи ояндаи фарзандони худ шароити мусоиди таълим фароҳам орем.

Иштирокдорон даъватҳои масъулини ҳизбро ба хушнудӣ пазируфта, якҷо ҷиҳати таъмиру тармим ва зебо намудани роҳҳои пиёдагарди шаҳракро дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сафолакпӯш намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg