БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФЗАЛИЯТ БА РУШДИ ДЕҲОТ-МАҚСАДУ МАРОМИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ». Тибқи ҷадвали ҷадвали тасдиқгардида, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қарағоч» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Сайдалиев Гадоӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти  давлатӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки мо ҳар амали некуеро, ки ба  шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем барои худамон,  фарзандонамон, наслҳои ояндаамон Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Инчунин,  дар идома моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба дарки сокинон расонида шуда, аз ҷамъомадагон барои боз ҳам ободу шукуфон шудани Тоҷикистони азиз даъват ба амал оварда шуд.

Дар охир ҳамагон ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро дастгирӣ карда,  чанде аз онҳо  афзуданд, ки  дар ободии маҳали зистамон  саҳми хешро мегузорем. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg