БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД!

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Ориён»-и ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Мавсуф дар баромади хеш доир ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ,  аз ҷумла  вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, иброз дошт, ки  тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон  масъулиятнок бошанд, то ин ки дар оянда онҳо номбари давлату миллати тоҷик гарданд.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

Дар хотима дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ҷӯю заҳбурҳои обгузари маҳалла тоза карда шуда, таъмири қисмати берунаи хонаҳои истиқоматӣ идома доранд.          

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg