БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Заводи пахтатозакунӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод хониши сиёсӣ, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Ҳасанзода Тағоймурод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд кард, ки аҳли башар имрӯз хуб дарёфтааст, ки роҳандозии сиёсатҳои нодуруст, ҳирсу таъмаҷӯӣ, қудратхоҳиву намоиши тавоноӣ, зулму ситам ба ҳалокати инсонҳои рӯи дунё ва маҳви кураи замин оварда мерасонад.

Тамоми воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳон аз ин хусус менависанду мегӯянду намоиш медиҳанд, то садду монеъи густаришашон шаванд, аммо натиҷаҳои назаррас камтар ба даст меоянд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

Дар охири чорабинӣ масъулини ҳизбӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як нафар маъюб кӯмаки ғизоӣ  расонидаанд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg