БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ФАЪОЛОНРО БА МАСЪУЛИЯТНОКӢ ВОДОР НАМУД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Саиди Ёқубзод вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ ва дигар шахсони давъатӣ   иштирок намуданд.

Маҷлиси таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Муҳаммаддовуд Ҳалимов доир гардида, баъд аз интихоби раёсати маҷлис ва котибот рӯзномаи маҷлис иборат аз се масъала ва регламенти кории он тасдиқ карда шуд. 

Дар  маҷлис масъалаҳои натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ташкилотҳои ибтидоии он дар нимсолаи аввали соли 2019, тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, тасдиқи рӯйхати гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолон, собиқадорон, занон ва ҷавонон ва ташкили ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2020” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз арорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Саиди Ёқубзод ба ҳайати узви Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб интихоб карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg