БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР КИШВАР

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзӣ» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ, ташаббусҳои неки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  таъмини амнияти  озуқавории  кишвар, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз  соҳаҳои муҳими  хоҷагии халқ мебошад, андешаронӣ карданд. 

Ҳамзамон, дар партави  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи Китобхонаи марказии ноҳия якчанд адад китобҳои бадеӣ-публисистӣ ва соҳавӣ, ки дар онҳо дастурамалҳои зарурӣ оид ба  масъалаҳои зироатпарварӣ, нигоҳубини чорво, занбӯри асалпарварӣ, мурғпарварӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд,  тақдим карда  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg