
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамисддин Шоҳин дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Лангардара бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи амалишавии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози ақида намуда, сокинонро барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки мақсаду маромаш пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст, раҳнамоӣ намуданд.
Дар баробари роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” таъмири ҷории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 оғоз гардида, шахсони саховатманд ният доранд, дар рӯзҳои наздик барои хонандагон дар соли нави хониш муассисаи мазкурро аз таъмири капиталӣ бароварда ба истифода диҳанд.