
ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш 1 адад синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияро аз таъмири капиталӣ бароварда, барои таҳсили хонандагон дар соли нави хониш омода намуданд.
Ҳамзамон, Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар наздӣ ҳозирин баромад намуда, атрофи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватан, оиди Машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки бо иштироки сарони давлатҳои бонуфузи ҷаҳон санаи 14-15 июни соли 2019 шуда гузашт, ёдоварӣ карда, аз ҳар як сокини бедордилу худогоҳ ҷиҳати расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат даъват ба амал овард.