БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН АКСИЯИ ҲИЗБИРО ҲАМАҶОНИБА ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва дастгирии  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 23 Ҳайдаров Қурбон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и деҳаи Тағойободи поён дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои таъмири муассисаи мазкур масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.

Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони ноҳияи Ёвон қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Инчунин, дар ин раванд бо ҷамъомадагон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуда,  масъулини ҳизбӣ  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.

Дар охир иштирокдорони чорабинӣ аз  иқодому  ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён  намуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg