БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШРИЯҲОИ ҲИЗБӢ ИНЪИКОСГАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТАБЛИҒОТИВУ ИДЕОЛОГӢ МЕБОШАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Почтаи тоҷик” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳуснигул Одиназода иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  нақши Почтаи тоҷик дар  амалигардонии  ҳадафҳои  барномавии ҲХДТ  андешаронӣ карда,  иброз дошт, ки дар пешорӯи мо  маъракаи муҳими сиёсӣ «Обуна- 2020» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» истодааст, ки аз ҳар кадоми мо барои иҷрои  саривақтии нақшаи он масъулияти баланди ташкилӣ ва ташаббускориро  тақозо мекунад.  Аз ин лиҳоз мо масъулинро зарур аст,  дар татбиқи ғояҳои  созандаи ҲХДТ  саҳмгузор бошем.

Инчунин,   дар амалишавии  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 китобҳои дарсию бадеӣ  тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg