БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Остона”-и  ҷамоати деҳоти Лолазор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  Каримзода  Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи дастовардҳои замони Истиқлолият, ободӣ аз Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сохтмони мактабҳои замонавӣ бо дастгирии соҳибкорони деҳа, саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Баъдан андешарониҳои  судманд ба сокинон писанд омада, ҷонибдории хешро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баён доштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg