БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТӼУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ВАЗИФАИ МУӼИМТАРИНИ СОӼАИ МАОРИФ МЕБОШАД!

ВОСЕЪ. Дар доираи соли “Баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар асоси нақшаи вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулин атрофи тарғиби нақши урфу одат ва анъанаӽои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористӣ-экстримистидошта суханронӣ намуданд.

Ӽамзамон, дар идома иброз дошта шуд, ки боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф мебошад.  Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки дар соҳаи маориф ду мушкилоти асосии ҳалталаб вуҷуд дорад, ки он ҳам норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимии  кишвар аст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза қайд намуд, ки мақомоти болоии ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки саховатмандону соҳибкорон ва дигар фаъолони ҷомеъаро  ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, роҳсозӣ, обкашнонӣ ва кӯмак ба ниёзмандону камбизоатон  ҷалб намоянд. Аз ин рӯ ҳамкор мебояд дар ин самт ҳамкориро тақвият бояд дод.

Дар охири чорабинӣ иштирокдорон ҳавасмандии худро дар ин самт баён намуда, иброз доштанд, ки бо бо Шумо дар як ҷабҳа яъне дар самти ободи қадамҳои устувор хоҳем гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg