БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Турко ва “Ҷарпарон”  бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал суҳбатро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Мирзозода Исуф оғоз намуда, қайд кард, ки  имрӯзҳо дар ноҳияи Балҷувон омодагиҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳо, нарму кабудизоркунии назди биноҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ва дигар ишоотҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд рафта истодааст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, Ватанамонро дӯст дорему садоқатмандона ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор пешвоз гирем  ва баҳри  боз ҳам пешрафтаву ободтар  шудани меҳан  кӯшиш намоем.

Дар охир чорабинӣ иштирокдорон бо қаноъатмандӣ сиёсати бобарори Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту тараққиёти Тоҷикистон равона гардидааст бо самимияти хоса ҷонибдорӣ карда, қайд намуданд, ки мо низ дар ин ҷабҳа кӯшиш мекунем, ки дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои прадаронаи Пешвои милллатро иҷро намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg