БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Қарақамиш”-и ноҳияи Темурмалик  оид ба татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оиди саноатикунонии босуръати мамлакат- ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф нисбати ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки санаи 14-15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ибрози андеша намуда, зикр кард, ки  дар ин ҳамоиш масъалаҳои таъмини амнияту бехатарӣ, терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир, ки тамоми башариятро ба таҳлука андохтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд бозгу аз онаст, ки обру ва манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, пайваста иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мавриди дастгирии ҷомеъаи ҷаҳон қарор мегирад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg