БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷумани мунофиқон дар сояи ТЭТ ҲНИТ, ё худ хар ҳамон ҷилаш дигар

АНДЕША. Пешравии ҳар як давлату миллат дар тинҷиву оромии он ва муттаҳидии миллату халқиятҳои он мебошад. Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ доштан вазифаи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки «Мо аз умқи таърих набояд ҳамчун хокистар, балки ҳамчун шуъла берун бардорем.

Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва ойини давлатдориаш расида наметавонад». Вақте, ки ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ-ро аз телевизон мебинем, садҳо бор шукр мекунем, ки хайрият дар Тоҷикистон пеши роҳи ДОИШ саривақт гирифта шуд, хайрият давлати мо саривақт фаъолияти ДОИШ-романъ кард! Ҳар шаҳрванди боҳӯши Тоҷикистон беихтиёр бояд гӯяд, ки хайрият мардуми мо аз ин даҳшат дур аст, хайрият дар кишвари мо сулҳу озодӣ ҳукмфармост.

Ин ташкилот дар Тоҷикистон худашро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номида буд, аммо фаъолияташ нишон медиҳад, ки фарқи ин дугурӯҳ фақат дар ном будаасту халос. Дар асл, ҳамаи факту далелҳо исбот мекунанд, ки ҲНИТ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон ҲНИТ. Як идеология, як мақсад, як сарпараст, як вазифа, як тарзи фаъолият доранд. Фақат вобаста ба мамлакати ҷойгиршавӣ дар номи ДОИШ калимаҳои «Ироқ ва Шом» омадаасту дар номи ҲНИТ калимаи «Тоҷикистон».

Бинобар ин, агар мочеҳраи ТЭТ ҲНИТ-ро аз рӯи фаъолияти амалии ин ташкилот баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он айнан ДОИШ буда, дар баъземасъалаҳо аз ДОИШ ҳам даҳшатноктар аст.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушташудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод! Ана гап дар бораи чӣ миқёси бузурги ҷиноят меравад!

Илова ба як будани тарзи фаъолият, мақсади асосии ДОИШ ва ҲНИТ ҳам як чиз аст: ба даст гирифтани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ.

ДОИШ рӯирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва чунин қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИТ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, аммо дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот ба хоҷагони хориҷӣ, ки сабти онҳо ҳаст, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад. Сабаби чунин дурӯягии наҳзатиён дар чист? Сабаб дар ин аст, ки роҳбарони ҲНИТ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рӯй гардонда, мазҳаби шиъаро қабул кардаанд. Дар он мазҳаб бошад тақия кардан ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиъа, ки наҳзатиҳо онро қабул кардаанд, дурӯғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурӯҳи ифротгарои террористӣ бошад, варианти тоҷикистонии он – ҲНИТ, гурӯҳи ифротгаро итеррористии мунофиқ аст. Яъне дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад.

Дар ҳар мамлакати дигари дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар ҳамон Европа ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрӯз ҷиноятҳои фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Ҷиноятҳои яқиншуда ва зикршудаи наҳзатиҳо аз он чи камӣ дорад?

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, солҳо дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИТ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Бо супориши хоҷагони хориҷии худ барои нотинҷ намудани ватани азизи мо тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва амалӣ кардани кӯшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона нияти асосии онҳо буд. Магар барои ин хел кор давлат бояд нисбати ин ташкилот чӣ кор мекард?

 

Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИТ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону сармоягузор ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро дар назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гӯем, «Ал-қоида» гӯем, «Толибон» гӯем, «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИТ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Ё дигар фарқ надорад, ки МуллоУмар гӯем, Абубакри Бағдодӣ гӯем ё Муҳиддин Кабирӣ гӯем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, формаҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо, нақшҳо, хоҷагон, спонсорҳо як аст. Ба қавли мардуми мо хар ҳамон хару ҷилаш дигар.

Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИТ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИТ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд.

Дар ин шабу рӯз ТЭТ ҲНИТ фитнаи дигареро роҳандозӣ карда бо ҷалби чанд мунофиқ анҷумани бо ном озодандешони тоҷикро таъсис додааст ва аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки кӯшиш мекунад худашро аз он ҷудо нишон диҳад. Ҳол он ки ҳама медонад ин ҳилларо барои фирефта сохтани олимону донишмандони тоҷики дар хориҷи кишварбуда таҳия карда буд. Аммо тавре мебинем, ба ғайр аз ҳамон чанд мунофиқ дар ин анҷумани мунофиқон касе аъзо нашуд ва ин анҷумани шарманда баъди чанде валвала билохира сар ба домани сукут бурд.

Барои ҳамин ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои тинҷиву амонии ватани азизи худ садоқатмандона кор ва фаъолият намояд. Душманони давлати мо, ки ободиву пешравии Тоҷикистони азизи моро намехоҳанд, муборизаи беамон барад.

Исломиддин НАРСОВ, узви фаъоли ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg