БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРИЮ ҲАММАСЛАКОНАШ ТАҲТИ НАВОИ ТАБЛИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР РАҚСАНД

ВОКУНИШ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус «Facebook» ва «Youtube»  баъзе наворҳои хоинони миллат, аз ҷумла Муҳиддин  Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва дигар роҳгумзадаҳо пахш мегардад, ки мо ҷавонони тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Ин хоинон намехоҳанд, ки Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу зебо гардад ва аз дур бо чашми бад ва дили пур аз хашму кина ба сарзамини биҳиштосоямон- Тоҷикистон менигаранд.

Миллати азияткашидаи тоҷик бо як дили гарму иродаи қавии тоҷикона дастаҷамъона баҳри расидан ба зиндагии шоиста азму талош намуда, ба пеш роҳ паймуда истодааст.  Кабирӣ ва кабирипарастон бо ин нияти бад ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳояшон  нахоҳанд расид. Зеро дар урфият мегӯянд, «бори каҷ ба манзил намерасад...». Моро лозим меояд, ки ақидаи носозгори ин хоинони миллатро садди роҳ бошему нагузорем дигарбора қадами номуборакашон  хоки аҷдодиамонро касиф гардонад.

Рӯзе мерасад, Кабирӣ ва ҳамаслаконаш  аз кирдорҳои ноҷавонмардонаашон  пушаймон  шуда,  дар назди қонунҳои амалкунанда ҷавоб хоҳанд гуфт. Яқинан ин хоинони миллат дар ягон гӯшаи дунё  ҷойи мувофиқ надоранд,  аз обрӯй орианду бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ тавассути табли онҳо пайваста  дар рақсанд.

Асақолов Алиҷон,  сокини    ноҳияи    Шамсиддин  Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg