БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ МУҚАДДАС АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Чанори  ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар маҷлис вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сайдалӣ Одилов, Қосимов Раҳматулло,  инчунин кормандони масъули ҳизбӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат  масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ  баромад намуда, қайд карданд, ки  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити имрӯза як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, ҷаҳониёнро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст.

Аз ин рӯ ҳар яки моро лозим аст,  дар тарбияи фарзандон бетараф набошем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватансозӣ ба воя расонем. Бо  амалҳои созанда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон  барему зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеаву давлат  омода бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg