БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ ШАХСОНИ ХАЙРХОҲУ ҲИММАТБАЛАНД САЗОВОРИ ДАСТГИРИҲОСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  «Баҳор»-и  ноҳияи  Носири  Хусрав хониши  сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор  гардид. 

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, огоҳонидани онҳо аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои тундгаро, пешгирӣ аз хурофоту  бегонапарастӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияти ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ андешаронӣ карданд.

Баъдан дар қисмати амалии Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  узви фаъоли   ҲХДТ,  сокини   маҳалла Ҳаитов  Холмат  3  синфхонаи  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  1-ро  бо  сифати  аъло  аз  ҳисоби  маблағҳои  шахсиаш пурра  аз  таъмири босифат  бароварда,  барои истифода супорид. Дар охир ташаббуси  неки  шахси хайрхоҳу ҳимматбаландро   сокинон   якдилона дастгирӣ  карда, миннатдории хешро баён доштанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg